Эълонҳои сомона/Объявления сайта

БА ДИҚҚАТИ ДОНИШҶӮЁНИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ!!!

 
Сурати  корбар Далериддин Хомитов
БА ДИҚҚАТИ ДОНИШҶӮЁНИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ!!!
аз Далериддин Хомитов - Monday 4 May 2020, 15:48
 

Муҳтарам донишҷӯён, вобаста ба вазъияти ба амал омада ва дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди таҳсилоти фосилавии Донишгоҳ низ баъзе тағйиротҳо ба амал омад. Бинобар ин, машғулиятҳои аудиторӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонии тобистонаи соли хониши 2019/2020 ба вақти дигар вогузор шудааст. Аз ин лиҳоз, Шумо метавонед бо истифода аз интернет ба сомонаи худ ворид гардида, супоришу масъалаҳо ва барномаҳои таълимие, ки аз тарафи омӯзгорон ба Шумо пешниҳод карда шудаанд, аз худ намоед. Дар сурати ироа шудани ягон дастур ва хабари нав ҳатман ба Шумо ба тариқи сомонаи фосилавӣ хабар дода мешавад. Ҳангоми пайдо шудани савол метавонед ба тариқи телефон +992915511132 – Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ, (имо, телеграм) ва почтаи электронӣ daleriddin@mail.ru дар тамос бошед.  Хоҳишмандем ба ҳаргуна овозаҳои беасос бовар накарда, алоқаро бо Донишгоҳ канда накунед!

Бо эҳтиром, маркази таҳсилоти фосилавии ДДҲБСТ.