Эълонҳои сомона/Объявления сайта

ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ ХОНИШИ 2022-2023 БАРОИ КУРСҲОИ 1-УМ ВА 2-ЮМИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТӢ ФОСИЛАВӢ

 
Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ rasmi
ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ ХОНИШИ 2022-2023 БАРОИ КУРСҲОИ 1-УМ ВА 2-ЮМИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТӢ ФОСИЛАВӢ
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки имтиҳони ниҳоии шифоҳӣ ва тестии нимсолаи дуюм барои курсҳои 1-ум ва 2-юми низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2022-2023 аз санаи 16.05.2023 оғоз меёбанд.

 Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки

1. Барои супоридани имтиҳонҳо бояд донишҷӯ ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

2. Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2022-2023 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

3. Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ “fosilavi.tsulbp.tj”).

4. Либоси тавсиявӣ ва бо худ доштани шиноснома.

Имтиҳонҳои ниҳоии шифоҳӣ ва тестии нимсолаи дуюм дар асоси ҷадвали тасдиқгардида раёсати таълим гузаронида мешавад.

Иштироки донишҷӯён дар имтиҳонҳо бо либоси тавсиявӣ ва шиноснома  ҳатмист.