Эълонҳои сомона/Объявления сайта

МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

 
Picture of Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи якум барои курсҳои хамткунандаи низоми таҳсилоти фосилавӣ  (курсҳои 3-ми маълумоти дуюм, 4-ум ва 5-уми маълумоти якум), инчунин курсҳои 4-ми мӯҳлати таҳсилашон 5-сола, дар соли хониши 2024-2025 аз санаи 23.09.2024 сол оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2024-2025 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,  ҳатмӣ  мебошад.