Эълонҳои сомона/Объявления сайта

МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ КУРСҲОИ 2-ЮМИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА

 
Изображение пользователя Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ КУРСҲОИ 2-ЮМИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи якум барои курсҳои 2-юми маълумоти якум ва маълумоти дуюми низоми таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, дар соли хониши 2024-2025 аз санаи 25.11.2024 сол оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2024-2025 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,  ҳатмӣ  мебошад.