Эълонҳои сомона/Объявления сайта

ҶАДВАЛИ ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2024-2025

 
Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ rasmi
ҶАДВАЛИ ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2024-2025
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи якум барои курсҳои 1-юми маълумоти якуми низоми таҳсилоти фосилавӣ, дар соли хониши 2024-2025 аз санаи 13.01.2025 сол оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2024-2025 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,  ҳатмӣ  мебошад.

(Редактировал(а) Қодиров Фарзон - Среда, 8 января 2025, 15:46)

(Редактировал(а) Қодиров Фарзон - Суббота, 11 января 2025, 12:10)