Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотии тобистона барои ҳамаи курсҳо (курси 1-ум, курси 2-юм ва 3-юм)-и низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2021-2022 аз санаи 16.05.2022 оғоз меёбанд.
Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:
1. Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.
2. Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2021-2022 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).
3. Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ “fosilavi.tsulbp.tj”).
Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳатмӣ мебошад.