Эълонҳои сомона/Объявления сайта

МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТИИ НИМСОЛАИ ДУЮМ, БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОН

 
Picture of Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТИИ НИМСОЛАИ ДУЮМ, БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОН
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи дуюм, барои хатмкунандагони курсҳои 3 (дуюм маълумот) ва хатмкунандагони курсҳои 4 низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2022-2023 аз санаи 20.02.2023 оғоз меёбанд.

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №05 (33) 05-579 аз 21 декабри соли 2022, имтиҳонҳо барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ 60% дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва 40% дар шакли тестӣ гузаронида мешаванд.

Яъне донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ 60% - имтиҳонҳо аз миқдори умумии фанҳоро дар шакли шифоҳӣ ба омӯзгори дарсдиҳанда месупоранд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2022-2023 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ "fosilavi.tsulbp.tj").

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳатмӣ мебошад.