Эълонҳои сомона/Объявления сайта

ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ТЕСТИИ НИМСОЛАИ ЯКУМ 2022-2023

 
Сурати  корбар Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ТЕСТИИ НИМСОЛАИ ЯКУМ 2022-2023
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки имтиҳони ниҳоии тестии нимсолаи якум барои курсҳои 1 ва курсҳои 2 низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2022-2023 аз санаи 02.02.2023 оғоз меёбанд.

 Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки

1. Барои супоридани имтиҳонҳо бояд донишҷӯ ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

2. Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2022-2023 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

3. Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ “fosilavi.tsulbp.tj”).

4. Либоси тавсиявӣ ва бо худ доштани шиноснома.

Имтиҳонҳои ниҳоии тестии нимсолаи якум дар асоси ҷадвали тасдиқгардида раёсати таълим гузаронида мешавад. Ҷадвали имтиҳон дар охири мактуб замима карда шудааст.

Иштироки донишҷӯён дар имтиҳонҳо бо либоси тавсиявӣ ва шиноснома  ҳатмист.