Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки сессияи иловагии шифоҳӣ ва тестӣ, барои курсҳои хамткунандаи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2022-2023 аз санаи 06.04.2023 то 08.04.2023 баргузор мегардад.
Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки
1. Дар ҳолати доштани баҳои ғайриқаноатбахш (баҳои F), аз се ва зиеда фан, донишҷӯ метавонад ба сессияи иловагӣ танҳо бо иҷозати декани факултет ҳозир шавад.
2. Барои супоридани имтиҳонҳо бояд донишҷӯ ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.
3. Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2022-2023 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).
4. Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ “fosilavi.tsulbp.tj”).
5. Либоси тавсиявӣ ва бо худ доштани шиноснома.
Имтиҳонҳои сессияи иловагӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардида раёсати таълим гузаронида мешавад.
Иштироки донишҷӯён дар имтиҳонҳо бо либоси тавсиявӣ ва шиноснома ҳатмист.