Эълонҳои сомона/Объявления сайта

МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ 2 БАРОИ КУРСҲО 1 ВА 2

 
Сурати  корбар Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ 2 БАРОИ КУРСҲО 1 ВА 2
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи 2 барои курсҳо 1 ва 2 низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2022-2023 аз санаи 01.05.2023 оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2022-2023 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳатмӣ мебошад.