Эълонҳои сомона/Объявления сайта

СЕССИЯИ ИЛОВАГӢ БАРОИ КУРСҲОИ 3 (4-СОЛА) ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ ХОНИШИ 2022-2023

 
Сурати  корбар Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
СЕССИЯИ ИЛОВАГӢ БАРОИ КУРСҲОИ 3 (4-СОЛА) ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ ХОНИШИ 2022-2023
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки сессияи иловагии шифоҳӣ ва тестӣбарои курсҳои 3-юми низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2022-2023 аз санаи 4.05.2023 баргузор мегардад.

 Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки

1. Дар ҳолати доштани баҳои ғайриқаноатбахш (баҳои F), аз се ва зиеда фан, донишҷӯ метавонад ба сессияи иловагӣ танҳо бо иҷозати раёсати донишгоҳ ҳозир шавад.

2. Барои супоридани имтиҳонҳо бояд донишҷӯ ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3. Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2022-2023 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

4. Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ “fosilavi.tsulbp.tj”).

5. Либоси тавсиявӣ ва бо худ доштани шиноснома.

Имтиҳонҳои сессияи иловагӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардида раёсати таълим гузаронида мешавад.

Иштироки донишҷӯён дар имтиҳонҳо бо либоси тавсиявӣ ва шиноснома  ҳатмист.