Эълонҳои сомона/Объявления сайта

БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНӢ КУРСҲОИ 3-ЮМИ (3-СОЛА). МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ

 
Сурати  корбар Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНӢ КУРСҲОИ 3-ЮМИ (3-СОЛА). МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи якум барои курсҳои 3-юми (3-сола)-и низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2023-2024 аз санаи 07.11.2023 сол оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2023-2024 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳатмӣ мебошад.