Эълонҳои сомона/Объявления сайта

БАРОИ КУРСҲОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ НИМСОЛАИ ДУЮМ СОЛИ ХОНИШИ 2023-2024

 
Сурати  корбар Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
БАРОИ КУРСҲОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ НИМСОЛАИ ДУЮМ СОЛИ ХОНИШИ 2023-2024
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки имтиҳони ниҳоии шифоҳӣ ва тестии нимсолаи дуюм барои (курси 4-4сола ва курси 3-3сола) хамткунандагони низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2023-2024 аз санаи 07.03.2024 оғоз меёбанд.

 Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки

1. Барои супоридани имтиҳонҳо бояд донишҷӯ ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

2. Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2023-2024 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

3. Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ “fosilavi.tsulbp.tj”).

4. Иштироки донишҷӯён дар имтиҳонҳо бо либоси тавсиявӣ ва шиноснома  ҳатмист.

Имтиҳонҳои ниҳоии шифоҳӣ ва тестии нимсолаи дуюм дар асоси ҷадвали тасдиқгардида раёсати таълим гузаронида мешавад.