Ба донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона ва таҳсилоти фосилавии донишгоҳ, ки то ҳол маблағи таҳсили соли хониши 2024-2025-ро пардохт накардаанд ва дар сессияи санҷишию имтиҳонӣ иштирок накардаанд расонида мешавад, ки аз санаи 02.06.2025 то санаи 07.06.2025 давраи триместр оғоз мегардад.
Рӯйхати донишҷӯёне, ки то санаи муқарраргардида маблағи таҳсилро пардохт намекунанд ва дар триместр иштирок намекунанд барои хориҷ намудан аз сафи донишҷӯён ба раёсати донишгоҳ пешниҳод мегарданд.
Аз ин лиҳоз, Маркази таҳсилоти фосилавии донишгоҳ огоҳ менамояд, ки ҳатман маблағи таҳсилро пардохт намуда, дар давраи триместр қарзҳои академии худро бартараф намоед.