Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи якум барои курсҳои 2-юм ва 3-юми маълумоти якуми низоми таҳсилоти фосилавӣ, дар соли хониши 2025-2026 аз санаи 07.01.2026 сол оғоз меёбанд.
Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:
1. Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2025-2026 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).
2. Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.
3. Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ “fosilavi.tsulbp.tj”).
Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳатмӣ мебошад.