Эълонҳои сомона/Объявления сайта

ҶАДВАЛИ СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТИИ НИМСОЛАИ ДУЮМ БАРОИ КУРСҲОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТӢ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2025-2026

 
Admin2 Admin2 rasmi
ҶАДВАЛИ СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТИИ НИМСОЛАИ ДУЮМ БАРОИ КУРСҲОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТӢ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2025-2026
Admin2 Admin2 tomonidan - Saturday, 7 March 2026, 9:35 AM
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи дуюм барои курсҳои хатмкунандагони низоми таҳсилотӣ фосилавӣ ва ғоибона дар соли хониши 2025-2026 аз санаи 10.03.2025 оғоз меебад.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2025-2026 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,  ҳатмӣ  мебошад.