Эълонҳои сомона/Объявления сайта

МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ, ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2025-2026 БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА

 
Сурати  корбар Admin2 Admin2
МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ, ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2025-2026 БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА
аз Admin2 Admin2 - Wednesday 25 February 2026, 13:37
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи дуюм барои курсҳои хамткунандаи низоми таҳсилоти фосилавӣ ва шуъбаи ғоибона (3-юми маълумоти дуюм, 4-ум ва 5-уми маълумоти якум), дар соли хониши 2025-2026 аз санаи 02.03.2026 сол оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2025-2026 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,  ҳатмӣ  мебошад.