Эълонҳои сомона/Объявления сайта

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёне, ки қарзҳои академӣ доранд

 
Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ rasmi
Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёне, ки қарзҳои академӣ доранд
 

Донишҷӯёни муҳтарам ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мутобиқи банди 111 «Низомномаи низоми  кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 декабри соли 2016, донишҷӯе, ки аз рӯи нақшаҳои таълимии самт (ихтисос) аз се ва зиёда фанҳои таълимӣ баҳои Ғ (ғайриқаноатбахш) мегирад, аз сафи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, донишҷӯёне, ки  аз се ва зиёда фанҳои таълимӣ қарзҳои академӣ доранд, барои такроран супурдани имтиҳонот дар доираи сессияи иловагӣ роҳ дода намешаванд.  

Раёсати таълими донишгоҳ