Эълонҳои сомона/Объявления сайта

БА ТАВАҶҶӮҲИ ДОНИШҶӮЁНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ!

 
Сурати  корбар МТФ ДДҲБСТ
БА ТАВАҶҶӮҲИ ДОНИШҶӮЁНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ!
аз МТФ ДДҲБСТ - Monday 6 December 2021, 14:14
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотӣ барои ҳамаи курсҳои низоми таҳсилоти фосилавӣ

аз санаи 20.12.2021 барои курсҳои хатмкунандаи (3-3сола ва 4-4сола)

ва аз санаи 03.01.2022 барои курсҳои 1,2,3 (4-сола) оғоз меёбанд.

Машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотӣ бо риояи талаботи муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар донишгоҳ баргузор мегарданд.

Аз ин лиҳоз, иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо БО НИҚОБ, ШИНОСНОМА ВА ЛИБОСИ ТАВСИЯВӢ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳатмӣ мебошад.

Бо эҳтиром, маркази таҳсилоти фосилавӣ