Эълонҳои сомона/Объявления сайта

СЕССИЯИ ИМТИҲОНОТӢ БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСЛИАВӢ

 
МТФ ДДҲБСТ rasmi
СЕССИЯИ ИМТИҲОНОТӢ БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСЛИАВӢ
МТФ ДДҲБСТ - Monday, 3 January 2022, 2:06 PM dan
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки имтиҳони ниҳоии нимсолаи якум, соли хониши 2021-2022  барои курсҳои хатмкунандаҳои ихтисосҳои низоми таҳсилоти фослиавӣ дар соли хониши 2021-2022  аз санаи 05.01.2022 оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки

1.       Иҷро намудани ҳамма тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо баҳои зиеда аз 50%.

 2.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дохили система).

 3.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2021-2022 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ аниқ карда метавонед, тел: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

 4.       Либоси тавсиявӣ ва бо худ доштани шиноснома.

Сессияи таълимӣ-имтиҳонотӣ қатъиян бо риояи талаботи муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва ситоди ҷумҳуриявии мубориза оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 дар донишгоҳ баргузор мегарданд.

Иштироки донишҷӯён дар имтиҳонҳо бо ниқоб ва шиноснома  ҳатмист.