Эълонҳои сомона/Объявления сайта

МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ДУЮМ БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

 
Сурати  корбар Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ДУЮМ БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи дуюм барои (курси 4-4сола ва курси 3-3сола) хамткунандагони низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2023-2024 аз санаи 19.02.2024 сол оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2023-2024 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳатмӣ мебошад.