Эълонҳои сомона/Объявления сайта

БАРОИ КУРСҲОИ 1-УМИ ИХТИСОСИ 1-24.01.01Т - ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (4 СОЛА)-И НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ СОЛИ ХОНИШИ 2023-2024

 
Сурати  корбар Фарзон Кодиров
БАРОИ КУРСҲОИ 1-УМИ ИХТИСОСИ 1-24.01.01Т - ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (4 СОЛА)-И НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ИМТИҲОНИ НИҲОИИ ШИФОҲӢ ВА ТЕСТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ СОЛИ ХОНИШИ 2023-2024
аз Фарзон Кодиров - Monday 19 February 2024, 16:34
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки имтиҳони ниҳоии шифоҳӣ ва тестии нимсолаи якум барои курсҳои 1-уми ихтисоси 1-24.01.01т - ҳуқуқи байналмилалӣ (4 сола)-и низоми таҳсилоти фосилавӣ дар соли хониши 2023-2024 аз санаи 20.02.2024 оғоз меёбанд.

 Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки

1. Барои супоридани имтиҳонҳо бояд донишҷӯ ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

2. Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2023-2024 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

3. Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ “fosilavi.tsulbp.tj”).

4. Либоси тавсиявӣ ва бо худ доштани шиноснома.

Иштироки донишҷӯён дар имтиҳонҳо бо либоси тавсиявӣ ва шиноснома  ҳатмист.

Имтиҳонҳои ниҳоии шифоҳӣ ва тестии нимсолаи якум дар асоси ҷадвали тасдиқгардида раёсати таълим гузаронида мешавад.