Эълонҳои сомона/Объявления сайта

МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ, ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2025-2026 БАРОИ КУРСҲОИ ДУЮМ, СЕЮМ ВА ЧОРИМӢ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ШУЪБАИ ҒОИБОНА

 
Сурати  корбар Admin2 Admin2
МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТӢ НИМСОЛАИ ЯКУМ, ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2025-2026 БАРОИ КУРСҲОИ ДУЮМ, СЕЮМ ВА ЧОРИМӢ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ШУЪБАИ ҒОИБОНА
аз Admin2 Admin2 - Friday 19 December 2025, 13:59
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи якум барои курсҳои дуюм, сеюм ва чоримӣ низоми таҳсилоти фосилавӣ ва шуъбаи ғоибона дар соли хониши 2025-2026 аз санаи 22.12.2025 сол оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2025-2026 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,  ҳатмӣ  мебошад.