Эълонҳои сомона/Объявления сайта

МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТИ НИМСОЛАИ ЯКУМ, ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2025-2026 БАРОИ ҲАМАИ КУРСҲОИ ЯКУМӢ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ШУЪБАИ ҒОИБОНА

 
Сурати  корбар Admin2 Admin2
МАШҒУЛИЯТҲОИ АУДИТОРИИ ҲУЗУРӢ ВА СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ ИМТИҲОНОТИ НИМСОЛАИ ЯКУМ, ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2025-2026 БАРОИ ҲАМАИ КУРСҲОИ ЯКУМӢ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ШУЪБАИ ҒОИБОНА
аз Admin2 Admin2 - Thursday 25 December 2025, 14:19
 

Машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи таълимӣ имтиҳоноти нимсолаи якум, дар соли хониши 2025-2026 барои ҳамаи курсҳои якумӣ низоми таҳсилоти фосилавӣ ва шуъбаи ғоибона дар соли хониши 2025-2026 аз санаи 29.12.2025 сол оғоз меёбанд.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2025-2026 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,  ҳатмӣ  мебошад.