Эълонҳои сомона/Объявления сайта

ҶАДВАЛИ СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТИИ НИМСОЛАИ ЯКУМ БАРОИ КУРСҲОИ 1-УМ, 2-ЮМ ВА 3-ЮМИ МАЪЛУМОТИ ЯКУМИ ШУЪБАИ ҒОИБОНА

 
Сурати  корбар Зокиров Маҳкамҷон Аҳмадович Мудири маркази таҳсилоти фосилавӣ
ҶАДВАЛИ СЕССИЯИ ТАЪЛИМӢ-ИМТИҲОНОТИИ НИМСОЛАИ ЯКУМ БАРОИ КУРСҲОИ 1-УМ, 2-ЮМ ВА 3-ЮМИ МАЪЛУМОТИ ЯКУМИ ШУЪБАИ ҒОИБОНА
 

Донишҷӯёни муҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки сессияи таълимӣ-имтиҳонотии нимсолаи якум барои курсҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юми маълумоти якуми шуъбаи ғоибона оғоз шуд

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки:

1.       Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2025-2026 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

2.       Агар ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.       Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ fosilavi.tsulbp.tj”).

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои аудиторӣ ва имтиҳонҳо бо шиноснома ва либоси тавсиявӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,  ҳатмӣ  мебошад.