Эълонҳои сомона/Объявления сайта

СЕССИЯИ ИЛОВАГӢ

 
 

Муҳтарам донишҷӯён! Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки сессияи иловагӣ барои ҳамаи ихтисосҳо ва курсҳо аз санаи 14.02.2022с. то 18.02.2022с. оғоз мегардад.

Барои супоридани имтиҳонот донишҷуёне роҳ дода мешаванд, ки

1.            Дар ҳолати доштани баҳои ғайриқаноатбахш (баҳои F), аз се ва зиеда фан, донишҷӯ метавонад ба сессияи иловагӣ танҳо бо иҷозати декани факултет ҳозир шавад.

2.            Барои супоридани имтиҳонҳо бояд донишҷӯ ҳамаи тесту супоришҳо ва рейтингҳоро бо холи гузариш (яъне 50%) супорида бошанд.

3.            Аз пардохти маблағи таҳсили соли хониши 2021-2022 қарз надошта бошанд (масъалаи мазкурро аз муҳосиботи донишгоҳ муайя карда метавонед, телефон барои тамос: (83422) 2-38-67, 2-30-26).

4.            Супоридани корҳои курсӣ дар шакли чопӣ (ба омӯзгори дарсдиҳанда) ва электронӣ (дар сомонаи таҳсилоти фосилавӣ “fosilavi.tsulbp.tj”).

5.            Либоси тавсиявӣ ва бо худ доштани шиноснома.

Сессияи иловагии имтиҳонотӣ қатъиян бо риояи талаботи муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва ситоди ҷумҳуриявии мубориза оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 дар донишгоҳ баргузор мегарданд.

Имтиҳонҳои сессияи иловагӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардида раёсати таълим гузаронида мешавад. Ҷадвали имтиҳони иловагӣ дар охири мактуб замима карда шудааст.

Иштироки донишҷӯён дар имтиҳонҳо бо ниқоб ва шиноснома  ҳатмист.